Неъматов: “Агар президент бовар кунад, сафириро ба уҳда мегирам”
Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, хабарҳо дар бораи барканорияш аз ин мақом ва таъиноташ ба симмати сафири кишвар дар Олмонро беасос хонд. Вале гуфт, агар раисиҷумҳур ба ӯ бовар кунад, сафириро низ ба уҳда хоҳад гирифт.
“Ихтисосам забонҳои Шарқ аст. Дар дастгоҳи президент низ кор кардаам. Академияи хизмати давлатии назди президенти Русияро аз рӯи муносибатҳои байналмиллалӣ хатм кардаам. Дар ин соҳа ба қавле, ки ихтисос дорам. Аммо масъулияти сафириро, ҳар касе, ки роҳбари давлат ба ӯ бовар мекунад, ба уҳда мегирад”,-афзуд ӯ.
Маликшо Неъматов мегӯяд, бо ин ҳол, феълан ӯ дар курсии раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ нишастаасту хабаре дар бораи барканорию мансабгирии нав надорад: “Ман дар вазифаи худ ҳастам, чорабиниҳои зиёд дорем. То фармонро набинам, президент даъват накунад ва барори кор нагӯяд, ба ин овозаҳо бовар надорам. Дар ин бора бо мо ягон сӯҳбат нашудааст. Огоҳ низ накардаанд. Баръакс, барои кумита дастуру супоришҳои зиёде дорем.”