Зангҳои таҳдидомез ба Орзу Исоев, муҷрии “Баҳси имрӯз”
Орзу Исоев, муҷрии барномаи “Баҳси имрӯз” дар Радиои “Имрӯз”, мегӯяд, тӯли тақрибан даҳ рӯзи охир афроди ношинос барояш занг зада, ӯро мавриди таҳқиру таҳдид қарор додаанд. Ба қавли Орзу, ин афрод ҳатто дар ҳаққи модараш дашномро раво дида, ба ӯ гуфтаанд, “алафи худро паст чарида гард”.
“Намехоҳам, аз пашша фил созам. Дар аввал чандон таваҷҷӯҳ надоштам, аммо баъдан ин авҷ гирифт. Чанд рӯз пеш дар як тӯй баромад доштам, ки ба ман занг зада, дар ҳаққи модарам дашноми зиёд карданд”,-афзуд ӯ.
Орзу Исоев мегӯяд, аз сабаби зиёд ворид шудани зангҳои телефонӣ натавонистааст, ҳамон рақами таҳдидкардаро ҳифз намояд ва аз болояш расман ба мақомот шикоят кунад. Ин хабарнигори тоҷик давоми 2 моҳи охир аз соати ҳафти субҳ то даҳи рӯз барномаи “Баҳси имрӯз”-ро ба шунавандагон ба таври мустақим тақдим мекунад, ки бештар дар он мардум дарди дили худро ошкоро баён мекунанд. Чунин баҳсҳо дар бораи “облава”-и ҷавонон, маъюбии Шаҳбол Мирзоев ва марги мармузи бархе аз шаҳрвандон шуда буд.