Як зина боло рафтани Озодаи Эмомалӣ дар Вазорати хориҷа
Озодаи Эмомалӣ, духтари раисиҷумҳури Тоҷикистон, муовини аввали вазири умури хориҷии кишвар, таъин гардид.
Ӯ дар ин мақом Маҳмудҷон Собировро иваз намуд, ки ҳоло ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Туркманистон интихоб шудааст. Ба ҷои Озодаи Эмомалӣ, ки то ин дам ба ҳайси муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон ифои вазифа мекард, Парвиз Додов омадааст
Ин духтари раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки аз фарзандони дигари шахсияти рақами як дида бештар ба сиёсат майл дорад, фориғуттаҳсили Донишгоҳи миллии кишвар дар риштаи ҳуқуқи байналхалқӣ мебошад.
Ӯ як замон ба ҳайси атташе оид ба умури фарҳангӣ ва маориф дар сафорати Тоҷикистон дар Амрико фаъолият карда, аз соли 2007 то соли 2009 бахши консулгарии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистонро таҳти назар дошт. Аз моҳи сентябри соли 2009 то кунун ба ҳайси муовини вазири умури хориҷӣ кор мекард.