Номаи раиси ҲНИТ ба Эрдуғон
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар робита ба ҳалокати ангиштканҳо дар Туркия ба нахуствазири ин кишвар Раҷаб Таййиб Эрдуғон номаи тасаллият фиристодааст.
Дар ин нома омадааст, ҲНИТ бо хабари таркиш дар кони Сома ва марги беш аз 200 коргар изҳори ҳамдардӣ менамояд. Муҳиддин Кабирӣ дар номаи худ аз Худованд барои шаҳидони ин ҳодиса раҳмату мағфират ва барои бозмондагон сабри ҷамил хостааст.
Аз ин пештар, Эмомалӣ Раҳмон -- раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳамтои туркаш Абдулло Гул бо ирсоли номае фалокати ба сари ангиштканони ин кишвар омадаро тасаллият гуфта буд. Дар номаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз ҷумла омадааст, “хабари таркиш дар кони ангишти наздикии шаҳри Сума, ки муҷиби ҳалокати теъдоди зиёди кӯҳканон гардид, моро хеле ғамгин ва андӯҳгин кард.”
Дар яке аз конҳои ангишти шаҳри Сумаи Туркия таркише ба вуҷуд омадааст, ки дар пайи он беш аз 200 нафар ба ҳалокат расида, ҳудуди 70 нафари дигар захм бардоштаанд. Шумораи умумии коргарони ин маъдан ба 727 нафар баробар будааст.