Save the Children: Шароити модарони тоҷик бадтарин дар ИДМ аст
Созмони байналмилалии хайриявии Save the Children дар остонаи рӯзи байналмиллалии модар, ки ҳамасола 18-уми май таҷлил мешавад, пажӯҳиши ҷадиди худро дар мавриди вазъи модарон дар кишварҳои ҷаҳон мунташир намуд.
Тибқи ин пажӯҳиш, ки 178 кишвари ҷаҳонро дар бар мегирад, Финляндия кишвари беҳтарин ва Сомалӣ бадтарин барои модарон арзёбӣ шудааст. Тоҷикистон дар ин пажӯҳиш мақоми 134-умро соҳиб шудааст, ки пасттарин дар қаламрави Иттиҳоди давлатҳои мустақил мебошад.
Тибқи раддабандии таҳлилгарон дар собиқ Иттиҳоди шӯравӣ Белорус зинаи 26-ум гирифта, шароити беҳтарин барои модаронро доштааст. Русия дар ин гузориш ҷойи 62, Қазоқистон -63, Украина- 72, Туркманистон -82, Қирғизистон -108 ва Узбакистон мақоми 111-умро ба даст овардааст.