Писари Гул Шералӣ ва домоди президент консул шуд
Ашраф Гулов, домоди Эмомалӣ Раҳмон – раисиҷумҳури Тоҷикистон ва писари Гул Шералӣ – вазири собиқи энержӣ ва саноат роҳбари Хадамоти консулии сафорати кишвар дар Русия таъин шудааст. Муҳаммади Эгамзод, як масъули сафорат, ин таъинотро “ротатсияи одии кормандони дипломатӣ аз тарафи Вазорати умури хориҷии кишвар” унвон кард.
Ӯ гуфт, бар асоси қарори Вазорати умури хориҷӣ масъулияти Садбарг Ғаниева ба ҳайси роҳбари Хадамоти консулии сафорати Тоҷикистон дар Русия ба анҷом расида, аз ин ба баъд номбурда дар Душанбе корашро идома хоҳад дод. Ба қавли Муҳаммад Эгамзод, Ашраф Гулов ба фаъолияти худ алакай шурӯъ кардааст.
“Ашраф Гулов мутахассиси арзанда аст. Умедворем, бо оғози фаъолият мушкили шаҳрвандони мо ҳалли худро меёбад”,-афзуд мусоҳиби мо.
Бояд гуфт, Ашраф Гулов дар Шӯрои кишварҳои Аврупо ва Амрико ба ҳайси ноиби дувум ва баъдан ҳамчун котиби аввали сафорати Тоҷикистон дар шоҳигарии Белгия ва намояндаи Тоҷикистон дар назди НАТО, Институтҳои Итиҳоди Аврупо, Парлумон ва Шӯрои Аврупо низ кор кардааст. Ӯ то замони рафтанаш ба консулгарии Тоҷикистон ба Русия сардори раёсати аудити дохилии Кумитаи андози кишвар буд. Аз ин пештар раёсати андозсупорандагони бузурги ин ниҳодро бар уҳда дошт.