Украина барои панҷ сол президент интихоб мекунад
Ғолиби интихоботи пеш аз муҳлат дар Украина зимоми қудратро барои панҷ сол дар ихтиёр хоҳад дошт.
Дар ин бора Суди конститутсионии Украина хабар додааст. Қаблан, бархе вакилон аз Додгоҳи конститутсионӣ хостанд, то масъалаи муҳлати президенти навро маълум созад. Тибқи моддаи 103-и сарқонуни Украина сарвари давлат барои панҷ сол баргузида мешавад.
Дар ҳоли ҳозир теъдоди муддаиёни курсии президентӣ дар Украина ба 21 нафар мерасад. Петр Порошенко, вакили радаи олӣ, Юлия Тимошенко, нахуствазири собиқ ва Сергей Тигипко, собиқ муовини сарвазир аз номзадҳои аслӣ гуфта мешаванд.
Интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Украина 25 май баргузор мешавад.