Имрӯз аз муассисаи ислоҳии занонаи шаҳри Норак 112 зани зиндонӣ озод карда шуд.
Тавре хабарнигори «Озодагон» аз маҳалли ҳодиса иттилоъ медиҳад, миёни озодшудагон 12 нафари онҳоро шаҳрвандони хориҷӣ аз кишварҳои Ӯзбакистон, Русия, Қазоқистон, Литва ва Латвия ташкил медиҳанд.
Ҳамзамон, Фарзонаи Хуршед, овозхони тоҷик низ, ки дар зиндони мазкур адои ҷазо мекард, имрӯз ба озодӣ баромад. Зимни сӯҳбат бо хабарнигори «Озодагон» Фарзона гуфт: «Аввалин коре, ки дар хонаамон мекунам, пеш аз ҳама аз модарам бахшиш мепурсам».