АКС: Барои табобати Шаҳбол пул наёфтаанд ва ӯ дар ҳолати вазнин бармегардад
Табибони бемористони ҳарбии Красногорски Русия мегӯянд, бо вуҷуди ҳолати вазнини Шаҳбол Мирзоев -- сарбози латту кӯбшудаи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ӯро ҷавоб медиҳанд.
Табиби Шаҳбол Мирзоев дар суҳбат ба “Озодагон” вазъи ӯро вазнини муътадил арзёбӣ карда, афзуд, ба далели набудани имконияти молӣ табобати ин сарбоз дар бемористони Русия қатъ мегардад: “Феълан ҳатто нисфи маблағи корҳои анҷомдодаамон барои табобати Шаҳбол пардохт нашудаанд. Мо бе ин ҳам гузаштҳои зиёд кардем. Агарчӣ вазъияти Шаҳбол вазнин аст, наметавонем табобаташро идома диҳем, чун маблағи табобати ӯ пардохт намегардад. Зиёда аз ин, ӯ шаҳрванди хориҷӣ аст. Барои табобати Шаҳбол вақт ва маблағ даркор аст. Ҳадди ақалл ду моҳ бояд бо антибиотикҳои сахттаъсир табобат гирад. Нархи ҳар як антибиотик 2 ҳазор рубл аст...”
Нуъмон Мирзоев, падари ин сарбози маъюби тоҷик, низ дар як тамоси телефонӣ бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, писараш рӯзи 18 май ба Ватан бармегардад ва муолиҷаи Шаҳболро дар беморхонаи шаҳри Хуҷанд идома хоҳанд дод.
Бо ин вуҷуд, ҳоло аёдати Шаҳбол аз сӯи намояндагони созмонҳои тоҷикон дар Русия идома дорад. Ахиран намояндагони Маркази фарҳангии “Асри Нур” дар шаҳри Маскав ба дидорбинии Шаҳбол ба беморхонаи ҳарбии Красногорски Русия рафтаанд. Масъулини ин маркази фарҳангӣ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, ин боздиди онҳо аз вазъи саломатии сарбози тоҷик рӯзи 12 ва 15 майи соли ҷорӣ сурат гирифтааст.
Шаҳбол Мирзоеви-23 сола, фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, ҳамагӣ 7 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 8 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латту кӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад.
Ин сарбози маъюбшудаи Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон, баъд аз тақрибан ду моҳи бистарӣ буданаш дар Қарияи Болои Душанбе барои ҷарроҳӣ ва табобат ба бемористони низомии шаҳри Красногорски Русия интиқол ёфт. Ҷарроҳии нахустини ӯ рӯзи 5 май дар ин бемористони низомӣ сурат гирифта, беш аз 5 соат идома дошт. Баъд аз ин ҷарроҳӣ нафаскашии Шаҳбол вазнин шуда, ба далели зуҳури пиневмания табибон ӯро дубора ҷарроҳӣ карданд. Падараш аз қавли табибон мегӯяд, пиневмания ба далели зиёд хоб рафтан дар беморхонаи Душанбе пайдо шудааст.