Болоравии қурби асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон аз болоравии қурби асъори хориҷӣ дар кишвар хабар медиҳад.
Ба иттилои ин ниҳод, дар давоми ҳафтаи равон қурби доллари амрикоӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори кишвар баланд шуда, ба ҳисоби миёна як доллар баробар ба 5,0827-5,1010 сомонӣ мебошад. Инчунин қурби рубли русӣ ва евро низ тағйир ёфта, як рубли русӣ баробар ба 0,1432-0,1442 сомонӣ ва як евро 6,9580-6,9798 сомонӣ арзиш дорад.
Қурби миёнаи доллари амрикоӣ имрӯз 15 май дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Душанбе ба 5,0850-5,1050 сомонӣ, Хуҷанд ба 5,0900-5,1000 сомонӣ ва Қурғон-теппа ба 5,1000-5,1100 сомониро ташкил медиҳад.