Феҳрасти «Андозсупорандагони бемасъулият» омода гардид
Рӯйхати “Андозсупорандагони бемасъулият” аз тарафи кормандони кумитаи андоз тартиб дода шуд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуоти кумитаи андоз, як масъули ин ниҳод Абубакр Шарифӣ хабар дод, муасисаҳо ва шахсони зерин ба рӯйхати “Андозсупорандагони бемасъулият” ворид карда шуданд: ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди Сипеҳри Хуросон , Ориён-тоҷик, Авлиё 2010, Ҳотами Исфаҳон, Ҷилои офтоб, мусофирон, Виза тур, Икром ЛТД, Асри осиё, Меҳрона, Тоҷ Айринес, Восточний двор, Одинаи Маҷид, Хизмати азим, Хизмат туризм, Империал, Манфиат тиҷорат, Файзи нур, Амири пурнур, Бинокор-2010, Мадад ЛТД, Ихлос тиҷорат, Райҳон 2003, Мулки Оли сомон, Строител, Сомон-сангрез-2009, Сангреза-2011, Сафо, Пирамида, Мозандарон, кооперативҳои истеҳсолии “Собир”, “Саид”, “Суғд”, “Довуд”, “Гулистон ЛТД”, “Файзобод”.
Ҳамчунин манбаъ афзуд, соҳибкорони инфиродӣ Миҷгона Сафарова, Артур Петросян, Шарифбек Давлатов, Зумрат Каримова, Рустам Азизов, Сафармоҳ Таварова, Эраҷ Юсупов, Исмат Баҳодурӣ, Шаҳноза Камбарова, Башорат Замонова, Алишер Иброҳимов, Файзиддин Абдуллоев, Мустафо Ҷабборов ба феҳрасти “Андозсупорандагони бемасъулият” ворид гардиданд. Гуфта мешавад, аз сабаби нагузаштани марҳилаи азнавбақайдгирӣ, сари вақт пешниҳод накардани эъломияҳои андоз, пешниҳоди ҳисобнома-фактураҳои беасос ва дар маҷмӯъ риоя накардани қонунгузории андоз, инҳо ба рӯйхати фавқ дохил шудаанд.