АКС: Мушкили нафаскашии Шаҳбол ва ҷарроҳии дигарбораи ӯ
Шаҳбол Мирзоев, сарбози латту кӯбшудаи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, дар бемористони ҳарбии шаҳри Красногорски Русия дубора ҷарроҳӣ шудааст.
Нуъмон Мирзоев, падари ин сарбози маъюби тоҷик, рӯзи 14 май дар як тамоси телефонӣ бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, се рӯз пеш нафаскашии Шаҳбол мушкил шуда, табибон шушҳояшро ҷарроҳӣ кардаанд. “Шаҳбол пневмания доштааст, аз ҳамин ҳисоб, нафаскашиаш вазнин шуд. Се рӯз боз дар шӯъбаи эҳёгарӣ шушҳояшро тоза карданд. Имрӯз ният ҳаст, ки ба ҳуҷраи муқаррарӣ гузаронанд”,-афзуд ӯ.
Шаҳбол Мирзоеви-23 сола, фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, ҳамагӣ 7 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 8 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латту кӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад.
Ин сарбози маъюбшудаи Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон, баъд аз тақрибан ду моҳи бистарӣ буданаш дар Қарияи Болои Душанбе барои ҷарроҳӣ ва табобат ба бемористони низомии шаҳри Красногорски Русия интиқол ёфт. Ҷарроҳии нахустини ӯ рӯзи 5 май дар ин бемористони низом сурат гирифта, беш аз 5 соат идома дошт.