Интихоботи президентии нави Узбакистон ва имкониятҳои Каримов
Сокинони Узбакистон баъд аз таҷлили Иди Навруз дар соли 2015 ба хотири интихоби раисиҷумҳури нави худ барои панҷ соли оянда бояд назди сандуқҳои раъйдиҳӣ раванд.
Тавре расонаи хабарии “Uzmetronom” иттилоъ медиҳад, санаи интихоботи навбатии раёсати ҷумҳури Узбакистон рӯзи 22 марти соли 2015 муайян шудааст.
Ин расона мегӯяд, санаи интихоботи президентии Узбакистон дар ҳоле дақиқ гардид, ки интихоботи парлумонии ин кишвар ба рӯзи 21 декабри соли ҷорӣ гузошта шудааст. Тибқи Сарқонуни Узбакистон, интихоботи президентӣ баъд аз 90-рӯз аз интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад.
Бояд гуфт, бар асоси тағйиру иловаҳои воридшуда ба қонуни Узбакистон оид ба интихоботи президентӣ дар моҳи декабри соли 2011 ин навбат сокинони ин кишвар на барои 7 сол, балки барои панҷ соли оянда раҳбари худро интихоб мекунанд. Номзади ғолиб дар ин интихобот боз ҳаққи як давраи 5-солаи дигарро барои интихоб шудан дорад.
Раисиҷумҳури кунунии Узбакистон Ислом Каримови 76-сола буда, тули 24 соли ахир мешавад, дар курсии №1-и ин кишвар такя задааст. Ӯ 30 январи соли 1938 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омада, аз соли 1989, вақте котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӣ шуд, Узбакистонро раҳбарӣ мекунад. Моҳи марти соли 1990 дар ҷаласаи Шӯрои олии Узбакистони шӯравӣ президент интихоб гардид.