Гуруҳи 15-нафарӣ монеи вохӯрии наҳзатиҳо дар Исфара шудаанд
Намояндагии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Исфара монеи баргузории ҷаласаи аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ дар ин минтақа шудааст.
Тавре торнамои расмии ҲНИТ хабар медиҳад, Зоиршоҳ Маҳкамов -- корманди бахши Кумитаи дини Исфара дар садри як ҳайатти ҳудудан 15-нафарӣ аз кормандони пулис шоми 13 май ба макони ҷаласаи аъзои ҲНИТ омада, ба далели нагирифтани иҷозаи мақомот барои баргузории ҳамоиш онро ғайриқонун унвон карда, “лағв” кардааст. Наимҷони Самеъ, раиси бахши ҲНИТ дар Исфара мегӯяд, “бо ин меҳмонони нохонда ҳудуди се соат баҳсу манозира намудем. Аммо Махкамов гуфт, ҷаласаҳои Шумо ғайриқонунӣ аст, чун Шумо ба ҳукумат дар робита муроҷиат намекунед.”
Раиси шаҳрии ҲНИТ дар Исфара илова менамояд, маъмурини пулис як узви ҳизбро, ки қарор буд, ҷаласаи онҳо дар манзили зисти ӯ баргузор шавад, ба шуъбаи умури дохилӣ даъват кардаанд. Ӯ таъкид дошт, ки аз болои ин иқдоми мақомоти қудратӣ ба ниҳодҳои болоӣ шикоят бурда, дар сурати эҷод шудани ягон мушкил ба ин узви ҲНИТ бо баргузории як нишасти хабарӣ мавқеи худро равшан хоҳанд кард. “Агар нисбат ба узви ҳизб ягон амали нохуш рӯй диҳад ва дигар иштирокчиёни ҷаласаи моро низ даъват кунанд, тамоми журналистону намояндагони ташкилоти ғайриҳукуматии ҳифзи ҳуқуқии инсонро даъват намуда, нишасти матбуотӣ доир менамоем,”-афзуд Наимҷони Самеъ.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ мебошад ва ба гуфтаи масъулинаш ҲНИТ беш аз 40 ҳазор узв дорад, ки ҳудуди 15 ҳазори он дар вилояти Суғд ба сар мебаранд.