Қабули қонун дар бораи фаъолияти бонкӣ бар асоси Ислом
Вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон тарҳи қонун дар бораи “Фаъолияти бонкии исломӣ”-ро тасвиб карданд. Ин тарҳи қонунро Абдуҷаббор Ширинов -- раиси Бонки миллии кишвар дар ҷаласаи рӯзи 14 майи парлумон муаррифӣ намуда гуфт, ин низоми бонкдорӣ дар асоси қоидаҳои дини мубини Ислом роҳандозӣ хоҳад шуд.
Ӯ низоми бонкии исломиро таъриф карда, онро санҷидашуда ва муваффақ донист. Ба қавли ӯ, баъд аз буҳрони ҷаҳонии молӣ кишварҳои ғарбӣ низ ба ин навъи бонкдорӣ рӯ овардаанд. Оқои Ширинов афзуд, бонкҳои ҳозираи Тоҷикистон бештар дар бораи қарз додану гирифтани баҳраҳои худ меандешанд, дар ҳоле ки ба қавли ӯ, бонкҳои исломӣ чунин фоиз надоранд.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, низ аз ин тарҳ пуштибонӣ карда, амалӣ шудани ин низомро ба фоидаи ҳама унвон кард.
Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, аз роҳандозии чунин низоми бонкдорӣ моҳи ноябри соли гузашта ба намояндагони давлати Қатар хабар дода буд. Ӯ дар сӯҳбат бо мудири бахши рушди фаъолияти Созмони сармоягузории Қатар -- Файсал ибни Сауд Оли Сонӣ таъкид намуда буд, ки “айни замон дар ҷумҳурӣ нақшаи ба роҳ мондани фаъолияти бонкдорӣ тибқи қоидаҳои исломӣ корҳои омодагӣ идома доранд, аз ҷумла лоиҳаи қонуни дахлдор таҳия шудааст ва мавриди баррасӣ қарор дорад.”