Баҳси ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария дар мулоқоти Раҳмон бо Дихинден
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо директори генералии Агентии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва рушди байналмилалӣ Мартин Дахинден, масоили рушди ҳамкории сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гуманитариро баррасӣ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, “мо Швейтсарияро яке аз шарикони муҳими худ дар қитъаи Аврупо медонем.”
Ба иттилои манбаъ зимни мулоқот зикр гардидааст, ки Швейтсария аз соли 1993 ба ин сӯй дар сохторҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла дар шӯроҳои иҷроияи Бонки умумиҷаҳонӣ, Фонди байналмилалии асъор ва Бонки таҷдид ва рушди Аврупо манфиатҳои Тоҷикистонро пуштибонӣ менамояд.
Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамкорӣ ва ёрии Швейтсария дар масъалаи шомил гаштани Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Савдо ва фаъолияти дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон, ки аз соли 1998 кор мекунад, баҳои баланд додааст: “Зимни мулоқот таъкид шудааст, ки аз тариқи ин ниҳод барои татбиқи лоиҳаҳои сершумори Тоҷикистон ба ҳаҷми умумии 250 миллион доллари амрикоӣ грантҳо ҷудо карда шудааст. Ҳоло 30 лоиҳа бо маблағгузории Швейтсария мавриди татбиқ қарор дорад.”
Ҷонибҳо бо зикри он, ки соли 2013 гардиши мол миёни ду кишвар зиёда аз 83 миллион доллари амрикоиро ташкил намудааст, ҳавасмандияшонро барои густариши ҳамкории гуногунҷанба баён доштаанд.