Даъвати дубораи шоҳзодаи саудӣ аз мақомоти Эрон
Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бори дигар аз омодагии худ барои ҳамкорӣ ва аз саргирии равобити дустона бо Эрон хабар дод.
Шоҳзода Сауд Файсал, вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ рӯзи 13 май дар пайи як нишасти хабарӣ гуфт, Риёз барои истиқболи Муҳаммад Ҷаввод Зариф, ҳамтои эронияш дар сурати боздиди ӯ аз ин кишвар омодааст.
Ӯ дар посух ба суоли хабарнигорон, ки “оё қарор аст, дар оянда боздиди мақомҳои баландпояи Теҳрон аз Риёз ба хотири баррасии вазъи минтақа сурат бигирад?” илова намуд, “гуфтугӯҳое бар асоси тамоюл дар бораи аз саргирии равобит миёни ду кишвар сурат гирифтааст, ки мақомоти Эрон, аз ҷумла раисиҷумҳур ва вазири хориҷии ин кишвар чунин алоқамандиеро иброз доштаанд.”
Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Арабистони Саудӣ ба унвонии вазири умури хориҷии Эрон барои боздидаш аз Риёз даъватномаи расмӣ фиристода, то ҳол ҷавоберо дар робита қабул накардааст: “Мо ба вазири умури хориҷии Эрон ҷиҳати сафараш ба Риёз даъватнома фиристодаем, вале ҳанӯз чунин сафаре сурат нагирифтааст. Ҳар замон ки эшон муносиб бидонанд, мо омодаи пазироием.”
Вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ аз Эрон даъват кард, дар суботи минтақ саҳмгузор бошад: “Эрон дар талошҳое, ки то ҳадди имкон барои эҷоди минтақаи солимтару шукуфотар харҷ мешавад, бояд саҳмгузор бошад, на дар адами суботи минтақа.”
Ӯ дар идома ба масъалаи нооромию буҳронҳои минтақа дахл карда, гуфт, ин буҳронҳо роҳро барои мудохалаи кишварҳои хориҷӣ дар минтақа ва густариши терроризм боз мекунад. Файсал дар охир аз кишварҳои минтақа хост, барои поён додан ба буҳронҳои мазкур аз мудохала дар умури дохилии давлатҳои дигар худдорӣ варзанд.