Зариф Ализода панҷ соли дигар Омбудсмен мемонад
Вакилони Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, дар ҷаласаи рӯзи чоршанбе (14 май)-и худ ризоият доданд, ки Зариф Ализода барои панҷ соли дигар дар мақоми Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон бимонад. Пешниҳоди дар ин мақом боқӣ мондани оқои Ализода аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, аз фаъолияти панҷ соли гузаштаи Зариф Ализода ба ҳайси Омбудсмен тавсиф карда, ӯро фарди бомасъулият номид. Ин дар ҳолест, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ нисбат ба кори оқои Ализода назари дигар доранд ва ӯро бештар на ба ҳайси як ваколатдори мустақили ҳуқуқи инсон, балки тобеи ҳукумат мешиносанд.
Зариф Ализода аз соли 2009 ба ин сӯ ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аст. Ваколатдор бо ризоияти Маҷлиси Намояндагон ба мӯҳлати 5 сол аз тарафи президент таъин карда мешавад.
Ализодаи 52-сола зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ (Колхозободи собиқ) буда, пеш аз таъин шуданаш ба мақоми Омбудсен ба ҳайси раиси Додгоҳи конститутсионӣ ва мушовири давлатии раисиҷумҳур оид ба сиёсати ҳуқуқӣ кор кардааст.