Чаро аз мушкили зани ришдор (Кончита) мегӯему аз мушкили худ - не?
Қиргизбек КАНУНОВ
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ атрофи масъалаҳое монанди ҷудоихоҳии манотиқи Украина – чи зери фишори Русияву чи бидуни он, муборизаи сунниҳову шиаҳо дар Сурияву Бағдод, сарояндаи ғолиби “Евровидиние” – Кончита – ки зоҳиран зане бо ришу мӯйлаб аст ва ғайра баҳсҳои доғ ҷараён дорад. Чунин ба назар мерасад, ин гуруҳ омодааст ҳар масъалаю ҳар мавзуъеро ба баҳс гирад, танҳо мушкилоти худро нагӯяду нашунавад.
Гӯиё онҳо мекӯшанд, ин мушкилотро, ки ба мо наздиктару ба назар ҳалшавияш мушкилтар аст, фаромӯш кунанд.
Биёед, ба хотир орем: Ба наздикӣ ҷавоне дар ноҳияи Нуробод фавтид, ки наздиконаш милисаро дар марги ӯ гунаҳкор медонанд. Ду-се рӯз қабл дар Душанбе модари ҷавон гум шуд. Вақти зиёд аз он рӯзҳое, ки бештари кишвар дар торикӣ мезист, нагузаштааст ва маълум аст, соли нав надаромада, барқ гум мешаваду торикӣ боз фаро мерасад. Мавсими шикори навҷавонон ё ҳамон “облава” бори дигар кушода эълон шудааст. Нархҳо боло мераванду ҷои кор нест... “Хешони” нав ба нав ба сари қудрат меоянд.
Аммо ин ҳама аз баҳсу гуфтугузорҳои шабакаҳо дур афтодаанд. Шояд, одат кардаанд?
Дар ҳамин ҳол, воқеаҳои аҷибтар рух медиҳад: Асадро ҳанӯз аз тахти Сурия дур карда натавонистаанд, Донетск мехоҳад ба Русия пайвандад, зани ришдор ғолиби болотарин озмуни сарояндаҳои Аврупо шуд. Ин зани ришдор сабаби наве барои интиқоди арзишҳои аврупоӣ ва барои муддати кӯтоҳ ҳам бошад, дур шудан аз мушкилоти худ шудааст.
«Шукр, ки мо занҳои ришдор надорем!» Ин шукрона дар пасманзари танқидҳо чунин садо медиҳад, ки гӯиё ягона ё бузургтарин дастоварди мамолики пасошӯравӣ бошад. Баъзеҳо нафаси озод кашиданд, ки дар кишварашон Кончита нест ва дар баробари ин таҳаммулпазирии аврупоиро зери тозиёнаи танқид мегиранд, ки ба гуфтаи онҳо, ба навъе бемасъулиятию бефарқӣ дар ҷомеа табдил ёфтааст.
Бояд иқрор шавем, ки ин ҳама фиреби назар асту бас. Ҳамагон, аз ҷумла «мунаққидон», медонем, ки дар сарзамини мо – бахусус дар роҳравҳои қудрат ва шоубизнес – чунин «Кончита»-ҳо кам нестанд. Аммо агар фарз кунем, ки дар ҷомеаи мо чунин ҳолатҳо аслан вуҷуд надоранд, пас, боз ҳам садҳо мушкили дигар, ҳатто мудҳиштар ҳастанд, ки гурез аз онҳо бо кандани сими интернет, ба шабакаи дигар гузоштани телевизор ё партофтани радио имкон надорад.
Чуноне мегӯянд, хасеро дар чашми дигарон мебинему кундаро дар чашми худ – не.
Бисёр мехостам, ки ин ҷамъомади шабакаҳои интернетӣ, ҳадди ақалл онҳое, ки пешрафта ҳисоб мешаванд, дар мавриди масоили худамон низ ҳамингуна фаъол баҳс кунанд, сари гиреҳи поймол шудани саросарии ҳуқуқ ва ноадолатро кушоянд. Худи Кончита ва дигар рафиқони славянию арабро то баҳсҳои мо коре несту аз ин «тӯфони дохили пиёла» барояшон на сардию на гармие намерасад. Балки, ба гуфтаи Черчил, ҳар сухану маълумот – ба ҷуз некролог – пиар мебошад.
Аммо дар кишвари худамон сатҳи маорифу тандурустӣ, ба қавле, аз фарш поинтар рафтаасту фасод ба арш расида, дар бештари манотиқ роҳи дурусту барқ нест, адолат ба таври интихобӣ риоя мешавад. Ва садҳо мушкилоти дигар.