Ду хонуми мусалмон муддаии курсии парлумони Аврупоанд
Анна Стамоу ва Файла Пашич-Бишич, ду хонуми ҳиҷобдор барои курсии парлумони Аврупо талош хоҳанд кард. Дар ин бора World Bulletin хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Анна Стамоу, юнонитабор буда, ба яке аз раҳбарони Анҷумани исломии Юнон издивоҷ кардааст. Номзадии ӯро барои фаъолияти муассир ҷиҳати талош барои ҳуқуқи мусалмонҳо пешбарӣ кардаанд.
Файла Пашич-Бишич бошад, шаҳрванди Словения будааст. Квотаи Словения барои парлумони Аврупо аз ҳашт курсӣ иборат аст.
Интихоботи парлумони Аврупо 25 май баргузор мешавад.