Ёдрас менамоем, фирориёни 23-юм ва 24-ум рӯзи 25-уми июли соли равон дар дар деҳаи Чилдараи ҷамоати деҳоти Ҳафтчароғи ноҳияи Тавилдара ошкор карда шуданд. Аснои дастгир намудани ҷинояткорон аз ҷониби онҳо муқобилияти сахти мусаллаҳона нишон дода шуд, ки дар натиҷа Зиёев Ҷонибек Абдусамадович, таввалудаш 8 феврали соли 1979, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Туғули ноҳияи Панҷ ва Ҳасанов Баҳриддин Қаюмович, таввалудаш 15 июли соли 1968, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Чашмасори ноҳияи Тавилдара дастгир карда шуданд, ки охирин дар рафти муқовимати мусаллаҳона захмӣ гардида фавтид.
Ҳамакнун, Зиёев Аъзамшо Аҳтамович ягона фирориест, ки ҳанӯз боздошт нашуда, дар озодӣ ба сар мебарад ва ҷои сукунати ӯ ба мақомот рӯшан нест. Кокулов Фахриддин Сайфиддинович, Иброҳимов Ҷумъа Абдусаломович, Бозоралӣ валади Эгамбердӣ, Сулаймонов Гусейн Шарипович, Азизов Раҳмиддин Саъдуллоевич, Ҳасанов Баҳриддин Қаюмович, Худоёров Мазҳариддин Насриддинович зимни амалиётҳои боздошткунӣ аз сӯи мақомоти марбута муқовимат нишон дода, ба қатл расидаанд.
Абиев Низомӣ Русланович, Ҷабраилов Казбек Ҷабраилович, Аҳмадов Магомед Магомедрасулович, Алиев Алӣ Магомедович, Холматов Фурқат Тулаганович, Орифҷонов Баҳром Обидҷонович, Азизов Ҳикматулло Файзуллоевич боздошт гардида, дубора ба зиндон равона гаштанд. Маҳмадамир валади Қурбоналӣ, Муҳаммадвалӣ валади Тозагул, Муҳаммадзокир валади Муҳаммадҳалим дар вилояти Тахори Афғонистон боздошт шуданд. Мақомоти кишвари ҳамсоя аз истирдоди онҳо худдорӣ кард. Насриддинов Иброҳим Раҷабович, Азизов Зайдулло Саъдуллоевич, Зиёев Ҷонибек Абдусамадович, Хӯҷаев Саидисмон Абдураҳмонович, Мирзоев Абдурасул Раҳмонович, Наимов Толибшо Аламович, Юлдошев Ҳамидулло Абдуғаффорович. Аммо ахирӣ аснои амалиёт дар водии Рашт кушта шуда, ҷасади ӯ ба рӯдхона афтида, ғарқ гардидааст.