Боздошти ҷарроҳи бемористони вилоятии Суғд бо $2 000 "пора"
А.Б. – ҷарроҳи Беморхонаи клиникавии Суғд, ба гумони гирифтани ришва дар ҳаҷми ду ҳазор доллар аз сӯи Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон боздошт шудааст. Як манбаъ бидуни зикри номаш ба “Озодагон” гуфт, ин миқдор пулро пизишк барои ба анҷом расонидани ҷарроҳӣ аз як сокини вилояти Суғд талаб намудааст.
Ба қавли манбаъ, пизишк-ҷарроҳ баъд аз ситонидани ришва дар ҳудуди муассисаи табобатӣ боздошт карда шудааст. “Айни замон аз рўйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад”,-афзуд мусоҳиби мо.