"Град" - силоҳи нави пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон
Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон соҳиби силоҳи нав - дастгоҳи мушакии “Град” гардид. Юрий Погребной, муовини сухангӯи ҳавзаи марказии низомии Русия дар суҳбат бо расонаҳои кишвараш дар ин бора хабар додааст.
“Град” мушакпарони маъруфи 122-милиметрӣ буда, дорои 40 мили мушакпаррон мебошад ва болои мошини навъи Урал насб шудааст.
Дар пайи муҷаҳҳазсозии ин пойгоҳи низомии Русия, ахиран ба пойгоҳи 201 инчунин 40 адади мошини навъи "Урал-4320"-и мувофиқшуда бо иқлими гарми Тоҷикистон, дастгоҳҳои парвозкунанда ё худ ба истиллоҳ “беспилотники”-и навъи “Леер”, “Гранат” ва “Застава” дастрас карда шуда буданд, ки ахирӣ метавонад барои қатъи мавҷҳо, бурдани корҳои кашшофӣ, назорат аз боло истифода шаванд.
Муҷаҳҳазсозии пойгоҳи 201-и Русия дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон сурат гирифта, ахиран Сергей Шойгу, вазири мудофеаи Русия аз афзоиши ҳузури низомии кишвараш дар нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон хабар дода, аз ҷумла таъкид намуд, ки пойгоҳи 201-ум дар Тоҷикистон аз ҳайати бригадавӣ ба ҳайати дивизионӣ мегузарад. Коршиносони умури ҳарбӣ мегӯянд, гузаштан ба ҳайати дивизионӣ афзоиши теъдоди низомиёнро дар назар дорад.
Маврид ба зикр аст, ки чанде қабл масъалаи ҷалби хидматчиёни шартномавӣ дар пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон матраҳ гардид. Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон бо пахши ин хабар эълон дошт, ки ҳудуди 800 сарбозу сержантро иловатан аз ҳисоби русиягиҳо ба хидмати шартномавӣ ҷалб мекунад. Ба иттилои сарчашма, ҷалби низомиёни нав аз ҳисоби ихтисори сарбозони муқаррарӣ амалӣ шуда, дар маҷмӯъ теъдоди ҳайати афсарону сарбозони пойгоҳи 201 афзоиш нахоҳад ёфт.
Ҳаҷми маоши низомиёни пойгоҳи 201-ум вобаста ба собиқаи корӣ, ихтисос ва рутба аз 30 то 70 ҳазор рубли русӣ арзёбӣ шуда, феълан ин пойгоҳ бо беш аз 7 ҳазор низомӣ калонтарин воҳиди хушкигарди Русия дар берун аз қаламрави он мебошад.