15 сол зиндони Мансур Шакаров барои ҳамла ва таҷовузи духтарон
Дар шаҳри Маскави Русия як шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз ӯ Мансур Шакаров ном бурда мешавад, ба муҳлати 15 сол равонаи зиндон шудааст.
Тавре дафтари матбуоти додситонии шаҳри Маскав хабар медиҳад, Шакаров ҳамроҳ бо як нафари дигар, ки парвандааш дар алоҳидагӣ баррасӣ мешавад, дар ҳамла ва таҷовуз ба номуси ду духтари рус муттаҳам шуда, гуноҳаш дар додгоҳ исбот шудааст. Манбаъ мегӯяд, ин шаҳварнди Тоҷикистон гӯиё 5 ноябри соли 2012 ҳамроҳ бо яке аз дӯстонаш дар хиёбони Мичуринский ба як духтари 14-сола ҳамла карда, тариқи зӯроварӣ телефони дастиашро гирифта, ба номуси ӯ дастдарозӣ кардааст.
Инчунин, охирҳои апрели соли 2013 дар шаҳри Московский ӯ айни ҷиноятро алайҳи як духтари 18-солаи дигари рус, ки дар роҳ ба сӯи манзили зисташ будааст, содир мекунад. Додраси додгоҳи шаҳри Маскав дар рафти мурофиа тибқи тамоми иттиҳомот Шакаровро айбдор дониста, алайҳи ӯ 15 соли зиндон дар калонияи низомаш шадид ҳукм баровардааст.