Лигаи аввали футболи Тоҷикистон мавсими навро оғоз мекунад
Панҷшанбеи 15 май, мавсими нави мусобиқаи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи аввал оғоз мешавад.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳанд, имсол ҳам ин сабқат дар ду минтақа – Душанбе ва Суғд доир мегардад. Баъди анҷоми бозиҳои минтақавӣ, ду дастаӣ ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд.
Дар даври аввали минтақаи Душанбе 10 даста – “Панҷшер” (Ҷалолиддин Румӣ), “Куктош” (Рӯдакӣ), “Нури Норак” (Норак), “Саройкамар” (Панҷ), “Бохтар” (Бохтар), “Ҳулбук” (Восеъ), “Пахтакор” (Қубодиён), “Чашма” (Шаҳритус), “Ҳосилот” (Фархор) ва “Локомотив” (Душанбе) вориди рақобат мешаванд.
Бозиҳои даври аввал ҷумъаи 16 май доир мешавад.
Дар минтақаи Суғд 12 даста – “Ҷавонӣ” (Ҷаббор Расулов), “Спитамен” (Спитамен), “Шаҳристон” (Шаҳристон), ТСОП (Хуҷанд), “Зарафшон” (Панҷакент), “Мастчоҳ” (Мастчоҳ), “Эсхата” (Хуҷанд), “Қайроққум” (Қайроққум), “Қанд” (Конибодам), “Сайҳун” (Бобоҷон Ғафуров), “Исфара” (Исфара) ва “Ваҳдат” (Ашт) қувваозмоӣ хоҳанд кард. Бозиҳои ин давр панҷшанбеи 15 май дар назар аст.
Ҷадвали мусобӣиқот
Минтақаи Душанбе. Даври 1
16 май (ҷумъа)
“Панҷшер” – “Локомотив”
“Куктош” – “Ҳосилот”
“Нури Норак” – “Чашма”
“Саройкамар” – “Пахтакор”
“Бохтар” – “Ҳулбук”
Минтақаи Суғд. Даври 1
15 май (панҷшанбе)
“Ҷавонӣ” – “Спитамен”
“Шаҳристон” – ТСОП
“Зарафшон” – “Мастчоҳ”
16 май (ҷумъа)
“Эсхата” – “Қайроққум”
“Канд” – “Сайҳун”
“Исфара – “Ваҳдат
Оғози ҳамаи бозиҳо соати 17:00.