Дар интернет навори латту кӯби наваскарон аз сӯи сарбозоне, ки пештар ба хизмат омадаанд, нашр шудааст.
Гуфта мешавад, ин видео аз яке аз қисмҳои низомии Туркманистон бардошта шудааст. Ду нафар наваскаронро зери мушту лагад гирифта, онҳоро дашном медиҳанд. Видео тавассути телефони мобилӣ бардошта шудааст.
Руслан Тухбатуллин, блогери маъруфи туркман навиштааст, ки “аз шеваи ҳарфзанӣ дедҳо аз навоҳии ҳаммарз бо Узбакистонанд, шояд аз Ташауз”.ТАВАҶҶУҲ! ДАР ИН ВИДЕО АЛФОЗИ ҚАБЕҲ ИСТИФОДА ШУДААСТ.