Фурӯши ғайриқонунии таҷҳизоти “Тоҷик Эйр” ба маблағи 1 миллион
Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон аз рӯи фурӯши ғайриқонунии таҷҳизоти “Тоҷик-Эйр”, ки бе огоҳии соҳибмулк сурат гирифтааст, парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.
Тавре аз Оҷонсӣ хабар доданд, дар ин амали ғайриқонунӣ Назар Расулов, роҳбари “Ориён Тоҷ” муттаҳам мешавад, ки бо маслиҳати пешакӣ бо Қарахон Муртазоев, мудири анбори “Тоҷик Эйр”, ду таҷҳизоти барқии ширкатро ба маблағи 1 миллион сомонӣ ба «Шабакаҳои барқии ҷанубӣ» фурӯхта, маблағро аз худ кардааст.
Манбаъ мегӯяд, дастандаркорон ҳаққи фурӯши таҷҳизотро надоштанд, чун 100 %-и саҳмияҳои «Тоҷик Эйр» моли давлат буда, фурӯши таҷҳизоти он бояд зери назорати Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон сурат гирад.