Талоши Убайдуллоев барои бӯй нагирифтани Душанбе дар тобистон
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, дар омад-омади фасли гармо аз мақомоти пойтахт талаб кардааст, назорати вазъи санитарию экологиро тақвият бахшанд.
Бар асоси иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Убайдуллоев ҳангоми ҷаласаи корӣ барои пешгирӣ аз хуруҷи ҳаргуна бемориҳои сироятӣ ба раисони навоҳии пойтахт супориш додааст, берун баровардани партовҳоро зери назорати қатъии худ бигиранд.
Ба иттилои манбаъ, Убайдуллоев махсусан таъкид кардааст, нақлиёте, ки партовҳоро беруни шаҳр мебаранд, пеш аз дигарбора ворид шудан ба Душанбе мавриди коркарди санитарӣ қарор дода шаванд. Раиси Душанбе аз сокинони пойтахт даъват кардааст, дар сурати мушоҳидаи камбудҳо дар умури партовгоҳҳо бетарафӣ зоҳир накарда, тариқи сомонаи mometavonem.tj хабар диҳанд, то масъулиятшиносии роҳбарон бештар гардад.