Шайх Абдулазиз VS Тӯраҷонзода: “Амали Русия зидди шариат аст”
Шайх Абдулазиз Мансур, раҳбари Идораи мусалмонҳои Узбакистон, иқдоми Русияро дар Қрим ғасбкорӣ номида, зидди қонунҳои шариат хондааст. Ӯ изҳор доштааст, дар дини мубини Ислом ғасби ҷой ё манзили кас дуруст нест.
Ин дар ҳолест, ки Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, руҳонии саршинос ва сиёсатмадори тоҷик, дар суҳбат бо бахши русии Би-би-сӣ зидди табадуллот ва сарнагун кардани ҳукумат аз роҳи зӯроварӣ дар Украина баромад карда, аз иқдомги Русия дар мавриди Қрим ҳимоят намуда буд. Ӯ гуфта буд, “асосан зидди табаддулот, зидди сарнагуни ҳукумат бо роҳҳои зӯроварӣ мебошам. Аз ин рӯ, аз ҷонибдорони майдони Украина ҳимоят намекунам.”
Ба гуфтаи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, хонаводаи онҳо сарнагунии ҳукумати Виктор Янукович, раисиҷумҳури фирории Украинаро ғайриқонунӣ медонанд: “Ба ҳамин хотир, ман иқдомгирии Русия алайҳи Украинаро ҷонибдорӣ мекунам. Бо ин ҳол, Ғарб иддаогари волоияти қонун, дар мавриди Украина Сарқонуни ин кишварро нодида гирифт. Албатта, бояд гуфт, ман ҷонибдори худи Янукович ё низоми ӯ нестам, вале мутмаин ҳастам, ки инҷо мухолифони украинӣ ба хатогӣ роҳ доданд. Агар онҳо то давраи поён ёфтани раёсати Янукович сабр мекарданд, ба ин ҳадафи худ бидуни хунрезӣ мерасиданд. Дар интихоботи оянда онҳо ғолиб мебаромаданд.”
Ин руҳонии маъруфи тоҷик мегӯяд, ҳаводиси Украина ба ӯ солҳои 90-уми Тоҷикистонро ба ёд меорад, ки чи гуна раисиҷумҳури қонунӣ ва баргузидаи кишвар Раҳмон Набиевро аз роҳи зӯроварӣ ба истеъфо фиристоданд. Албатта, паёмади онро ҳамаи мо медонем, ки оқибат ба задухӯрдҳои мусаллаҳона ва хунрезиҳо мунҷар шуду аз худ ҳазорҳо қурбонӣ бар ҷой гузошт.
Ин назарҳо дар ҳолеянд, ки ахиран Қрим аз Украина ҷудо шуда, ба Русия пайваст.