Миср дороиҳои 30 аъзои “Бародарони мусалмон”-ро баст
Мақомоти Миср ҳисоби бонкии 30 аъзои созмони “Бародарони мусалмон”-ро бастааст.
Ҳамчунин ҳисобҳои 12 созмони ғайритиҷоратӣ ва шаш ширкат, ки бо “Бародарони мусалмон” ҳамкорӣ мекунанд, мунҷамид шудааст,-хабар додааст Anadolu.
Иззат Хамис, муовини вазири адлияи Миср, ки ҳамзамон раҳбарии кумитаи дафъи амволи “Бародарони мусалмон”-ро баъди манъи он бар душ дорад, гуфтааст, тасмими бастани ҳисобҳои бонкӣ дар асоси таҳқиқоти хадамоти махсус гирифта шудааст.
Хамис номи созмону ширкат ва нафаронеро, ки дороиҳояшон мунҷамид шудааст, эълон накардааст.
Мусодираи дороиҳои “Бародарони мусалмон” ва созмону ширкатҳои ба онҳо иртиботдошта баъди он оғоз шуд, ки додгоҳи ҳолатҳои изтирории Миср 6 сентябри соли сипаришуда аз манъи фаъолияти “Бародарони мусалмон” хабар дод.