Луганск ва Донетск аз мустақилияти худ аз Украина хабар доданд
Луганск ва Донетск аз мустақилияти худ аз Украина хабар додаанд.
Бино ба ҳисобҳои муқаддамотӣ дар ҳар дуи ин минтақа наздики 90 дар сади райъдиҳандаҳо барои мустақилият овоз додаанд. Ин дар ҳолест, ки Денис Пушинин, як нафаре ки аз ӯ ба унвони раҳбари Ҷумҳурии мардумии Донетск ном мебаранд, дар як нишасти хабарӣ рӯзи 12 май изҳор дошт, ин минтақа мехоҳад ба Русия ҳамроҳ шавад. Русия ҳоло ба ин муроҷиат посухе надодааст.
Валерий Болотов, “губернатори мардумӣ”-и Луганск бошад, баъд аз райъпурсӣ изҳор доштаа, ки “мо роҳеро интихоб кардем, ки роҳи озодӣ ва волоияти қонун аст”. Ба қавли вай, Луганск зиндагии нав ва бидуни “диктаи мақомоти Киев”-ро оғоз мекунад.
16 марти соли равон ҷумҳурии мухтори Қрим ҳам раъйпурсӣ баргузор кард ва беш аз 90 дарсади иштирокдорон ба тарафдорӣ аз пайвастани нимҷазира ба Русия раъй додаанд. Мақомоти кунунии Украина гуфтанд, ки раъйпурсӣ ғайриқонунӣ буда, натиҷаҳояшро эътироф нахоҳанд кард.