Мансаби нави Нарзулло Соҳибов, Мирзошариф Шарифзода, Нурулло Орифов ва...
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 12-уми май кадрҳои навтаъинро дар мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар қатори кадрҳои навтаъин гуфт, Мирзошариф Шарифзода, ки то ин вақт прокурори ноҳияи Рӯдакӣ буд, прокурори шаҳри Душанбе таъин гардид. Сафаралӣ Мирзозода Муовини аввали прокурори пойтахт таъин шудааст. Ба иттилои манбаъ дар маҷмуъ дар мақомоти прокуратура 9 нафар вазифаҳои нав гирифтаанд: “Аз ҷумла прокурорҳои ноҳияи Сино, Балҷувон, Вахш, Ҷиликул ва Тоҷикобод, Прокурори ҳарбии гарнизони Суғд, Прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии вилояти Суғд иваз карда шуданд.”
Дар мавриди тағйироти кадрӣ дар сохтори Вазорати умури дохилӣ дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон илова намуд, ки Нурилло Орипов сардори Раёсати амнияти дохилии ин вазорат ва Саидхоҷа Мирзохоҷаев, сардори Сарситоди ҳамоҳангсозии воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ таъин гардиданд: “Ба вазифаи сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Варзоб, Файзобод, Шуғнон, Қайроққум, Вахш ва Панҷ шахсони дигар таъин гардиданд.”
Манбаъ инчунин афзуд, ки дар мувофиқа бо раисиҷумҳур, Музаффар Ҳотамов сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Нарзулло Соҳибов бо қарори ҳукумати Тоҷикистон муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Тоҷикистон таъин гардиданд. Нарзулло Соҳибов бародари Маҳмадзоир Соҳибов, яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон аз кадрҳои навтаъин хизмати софдилонаю содиқона талаб намуда, таъкид доштааст, ки манфиатҳои давлату миллат дар ҳама ҳолат бояд дар ҷойи аввал қарор дошта бошанд.