Президент хост, Ализода дар курсияш бимонад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба парлумони кишвар пешниҳод кардааст, ки барои ба муҳлати навбатӣ ба вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъйин намудани Ализода Зариф ризоият диҳад.
Тибқи иттилои дафтари Маҷлиси намояндагон-палатаи поёнии парлумони кишвар ин масъала имрӯз, 12-уми май дар ҷаласаи Шӯрои парлумон матраҳ гардида, дар назар аст, аз рӯи он дар ҷаласаи навбатӣ овоздиҳии вакилон сурат гирад.
Зариф Ализода соли 1962 дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ (Колхозобод) таваллуд шуда, ҳуқуқшинос, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон мебошад.
Солҳои 1984-1986 ассистенти кафедраи Назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДМТ;
1986-1990 коромӯз, аспиранти Пажӯҳишгоҳи давлат ва ҳуқуқи АИ ИҶШС;
1990-1993 мушовир – сармутахассиси Кумита оид ба қонунгузорӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсони Шӯрои Олии Тоҷикистон;
1993-1995 раиси Кумитаи назорати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
1995-2000 муовини раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
1997-2000 узви Комиссияи оштии миллӣ;
2000-2001 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси Кумитаи қонунияти конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2001-2003 сардори Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2003-2006 Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2006-2009 Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ – Намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зариф Ализода аз соли 2009 инҷониб ваколатдор оид ба ҳуқуки инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ваколатдор бо розигии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 5 сол аз тарафи президент таъин карда мешавад.