Талаби 100 ҳазор $ аз сокини Душанбе барои озодии фарзандаш
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар пайи муроҷиати ҳамтоёни тоҷик ва сафорати Тоҷикистон ду нафареро боздошт кардаанд, ки дар гаравгонгирӣ муттаҳам мешаванд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти мақомоти амнияти миллии Қирғизистон дар вилояти Ҷалолобод ду шаҳрванди ин кишвар боздошт шудаанд, ки шаҳрванд «Н.С.С.»-ро давоми 8 рӯз гаравгон гирифта аз модараш, ки дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекардааст, 100 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардаанд: “Ба телефони модари «Н.С.С.», ки дар Душанбе зиндагӣ мекунад, чанд рӯзи пеш аксҳои писараш бо осори латукӯб ворид шуда, талаб карда шудааст, ки барои раҳоии писараш 100 ҳазор доллари амрикоӣ пардохт кунад.”
Мақомоти амнияти Қирғизистон мегӯянд, дар пайи муроҷиати сафорати Тоҷикистон барои дақиқ кардани ҷойи будубоши «Н.С.С.», ки худ низ шаҳрванди Қирғизистон мебошад, амалиёти махсус гузаронида шуда, гаравгонгирҳо боздошт гардиданд. Манбаъ мегӯяд, аз боздоштшудагон силоҳ ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ мусодира шудаанд.