Виктор Никитюк аз Русия интиқод кард; Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода – тарафдорӣ
Виктор Никитюк, сафири Украина дар Тоҷикистону Афғонистон, аз сафари мувофиқанашудаи Владимир Путин -- раисиҷумҳури Русия ба Қрим ва шаҳри Севастопол, ки 9 майи соли ҷорӣ сурат гирифт, интиқод намуд.
Дар изҳороти паҳнкардаи сафорати Украина дар Душанбе, аз ҷумла омадааст: “Боздиди Путин аз қаламрави муваққатан ғасбкардаи Русия баёнгари он аст, ки Русия амалан аз як кишвари озодкунандаи солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон феълан ба як кишвари зӯровар ва роҳбаронаш монанди фашистҳои Олмон ба ҷангандозҳо табдил ёфтаанд.”
Никитюк дар идома меафзояд, роҳбарони феълии Русия ҳуқуқи маънавӣ надоранд, ки худро ворисони ғолибон дар ҷанги дуюми ҷаҳон номанд: “Шахсияти Путин ва сиёсати пешгирифтааш дар шароити феълӣ Рӯзи Ғалаба ва муборизаи муштараки халқи Украина ва Русияро бо фашизм доғдор мекунад.”
Ин дар ҳолест, ки Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, руҳонии саршинос ва сиёсатмадори тоҷик, дар суҳбат бо бахши русии Би-би-сӣ зидди табадуллот ва сарнагун кардани ҳукумат аз роҳи зӯроварӣ дар Украина баромад карда, аз иқдомгирии Русия дар мавриди Қрим ҳимоят намудааст. Ӯ гуфтааст, “асосан зидди табаддулот, зидди сарнагуни ҳукумат бо роҳҳои зӯроварӣ мебошам. Аз ин рӯ, аз ҷонибдорони майдони Украина ҳимоят намекунам.”
Ба гуфтаи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, хонаводаи онҳо сарнагунии ҳукумати Виктор Янукович, раисиҷумҳури фирории Украинаро ғайриқонунӣ медонанд: “Ба ҳамин хотир, ман иқдомгирии Русия алайҳи Украинаро ҷонибдорӣ мекунам. Бо ин ҳол, Ғарб иддаогари волоияти қонун, дар мавриди Украина Сарқонуни ин кишварро нодида гирифт. Албатта, бояд гуфт, ман ҷонибдори худи Янукович ё низоми ӯ нестам, вале мутмаин ҳастам, ки инҷо мухолифони украинӣ ба хатогӣ роҳ доданд. Агар онҳо то давраи поён ёфтани раёсати Янукович сабр мекарданд, ба ин ҳадафи худ бидуни хунрезӣ мерасиданд. Дар интихоботи оянда онҳо ғолиб мебаромаданд.”
Ин руҳонии маъруфи тоҷик мегӯяд, ҳаводиси Украина ба ӯ солҳои 90-уми Тоҷикистонро ба ёд меорад, ки чи гуна раисиҷумҳури қонунӣ ва баргузидаи кишвар Раҳмон Набиевро аз роҳи зӯроварӣ ба истеъфо фиристоданд. Албатта, паёмади онро ҳамаи мо медонем, ки оқибат ба задухӯрдҳои мусаллаҳона ва хунрезиҳо мунҷар шуду аз худ ҳазорҳо қурбонӣ бар ҷой гузошт.