Ҳимояти номзади дигари интихоботи Афғонистон аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ
Залмай Расул, номзади интихоботи президентии 5 апрели Афғонистон аз пайвастани худ ба ситоди интихоботии доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ – номзади дигар ба мақоми президентии ин кишвар хабар медиҳад.
Ин тасмими оқои Расул дар пайи як нишасти муштараки намояндагони гуруҳҳои интихоботии ду номзад дар шаҳри Кобул эълон шудааст. Далели он ба мувофиқа расидани ду ҷониб рӯи аҳдоф ва барномаҳои муштараки ду тим арзёбӣ шудаанд. Залмай Расул гуфтааст, агар интихоботи раёсати ҷумҳури кишвараш ба давраи дуюм биравад ё не, аз тими доктор Абдуллоҳ ҳимоят хоҳад кард.
Залмай Расул дар интихоботи президентии 5 апрели кишвараш дар чорчӯби гурӯҳи интихоботии "Эътидол, баробарӣ ва созандагӣ" иштирок карда, бо ба даст овардани 11,47 дарсади оро бар асоси натоиҷи аввалия мақоми сеюмро миёни рақибонаш соҳиб шуд. Оқои Расул нахустин номзади интихоботи президентии Афғонистон нест, ки ба тими доктор Абдуллоҳ мепайвандад. Дар пайи эълони натоиҷи аввалияи интихобот Гулоғо Шерзай бо гурӯҳи интихоботии худ "Сулҳ ва бозсозӣ" ба ситоди Абдуллоҳ якҷо шуда буд.
Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон бо эълони натоиҷи ҳудуди 90%-и овозҳои раъйдиҳандагон аз пешсаффии доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар интихоботи президентии кишвараш хабар дода буд. Ин ниҳод гуфт, доктор Абдуллоҳ бо ба даст овардани 43,7 дарсади оро миёни рақибонаш дар интихоботи президентии Афғонистон пешгом аст. ба иттилои манбаъ, Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай бо ба даст овардани 33,8 дарсади оро дар мақоми дуюм қарор дошта, Зулмай Расул 11, 1 дарсад раъйро соҳиб шуда буд.
Бар асоси ҷадвали Комиссияи марзкаии интихоботи Афғонистон натиҷаи ниҳоии ин корзор рӯзи 14 май эълон хоҳад шуд. Агар аз ду номзади боқимонда касе натанвонад беш аз 50 дарсад раъйро ба даст орад, давраи дуюми рақобат миёни Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай баргузор мешавад.