Сел садди муҳофизатии нерӯгоҳи Норакро канда, токзори ҳукуматиро вайрон кардааст
Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ё фавқулоддаи Тоҷикистон (КЧС) мегӯянд, рӯзҳои 10 ва 11 майи соли ҷорӣ дар пайи боришоти борон дар навоҳии кишвар селфароиҳои нав сабт шудаанд. Ба қавли манбаъ, дар натиҷа, садҳо хона, боғу киштзор ва пулу роҳҳо вайрон гаштаанд.
Манбаъ мегӯяд, аз ҷумла селфароии шаби 10 ба 11 май дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳудуди 400 хонаи сокинони ҷамоати деҳоти Зайнабобод ва 100 гектар замини киштшударо вайрон кардааст. Манбаъ илова намуд, дар ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара низ беш аз 200 гектар боғу токзори қароргоҳи ҳукумати Тоҷикистон зарар дидааст.
Кумита, инчунин, мегӯяд, боришот боис шудааст, дар нерӯгоҳи Норак низ аз даромадгоҳи нақби мошингард то обанбор дар масофаи 40 метр лойқа пур шуда, дар натиҷа садди муҳофизатӣ канда шудааст: "Роҳи мошингарди НБО-и Бойғозӣ дар мавзеи Ғофилобод маҳкам ва қубури магистралӣ, ки аз маркази Норак ба берун мебарояд, хароб гаштааст."
Дар маҷмуъ, тибқи иттилоияи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодда, боришоти борону сел дар навоҳии Норак, Темурмалик, Данғара, Ваҳдат, Ёвон, Кӯлоб, Шӯрообод ва Рӯдакӣ чандин роҳу пул, қубуру симчӯбҳо ва киштзорҳоро вайрон кардааст ва феълан дар ҷойҳои ҳодиса комиссияҳои махсус фаъолят дорад.
Ин ниҳод таъкид мекунад, ки зимни селфароиҳои ахир талафоти ҷонӣ сабт нашудааст.