ВИДЕО: Шикасти Комроншоҳ аз Шералии узбакистонӣ дар “Тоскулоҳи бузург”
Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони шинохтаи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо аз силсилаи “Тоскулоҳи бузург” аз ҳарифи узбакистонии худ – Шералӣ Ҷӯраев шикаст хӯрда, аз идомаи мусобиқа маҳрум гардид.
Мусобиқаи мазкур дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон аз 9 то 11 май баргузор шуд. Комроншоҳ дар вазни то 90 кило ба майдон баромад.
Комроншоҳи 20-сола охирҳои соли гузашта дар чемпионати ҷаҳон дар риштаи гуштии кураш дар вазни то 90 кило дар Туркия барои аввалин бор барандаи медали тилло гардида буд. Ӯ ба ҷуз гуштии кураш, дар соли 2013 ҳамчунин боз дар ду намуд – самбо ва дзюдо ба натиҷаҳои баланд ноил шуд. Устопириён дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, риштаи самбои варзишӣ байни мардон дар вазни то 90 кг дар Санкт-Петербург бо медали биринҷӣ сарфароз гашта, дар Универсиадаи ҷаҳонӣ дар Қазон дар ҳамин ришта дар вазни то 90 кг барандаи медали нуқра гардид, инчунин дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон байни навҷавонон дар Юнон ғолиб шуд.