Ал-Фаллоҳ: “Ислом ба ягон ҳизб ва фатвоҳои шахсони алоҳида ниёз надорад"
Одил Абдуллоҳ ал-Фаллоҳ, муовини аввали Вазири авқофи Кувайт вуҷуди ҳизби сиёсӣ дар Исломро инкор карда, фаъолияти ин навъи аҳзобро мушкилсозу ихтилофовар хонд.
Ал-Фаллоҳ, ки зимни як барномаи телевизионӣ тавассути телевизионҳои давлатии Тоҷикистон суҳбат мекард, гуфт, “дини мубини Ислом, ин дини бузург ба ягон ҳизбу қонун, низомномаю ойиннома ва фатвоҳои беасоси шахсони алоҳида ниёз надорад. Боз такрор мекунам, ин дин бениёз аст, чун Худованд бениёз мебошад.”
Ба гуфтаи муовини аввали Вазири авқофи Кувайт, гӯиё мардум ва раҳбарияти ин кишвар ба фаъолияти аҳзоби сиёсии характери динидошта дар ҷомеаи назари нек надоранду онро ихтилофовар меҳисобанд ва дар сурати доштани як сарқонуни Худовандӣ ниёзи дигареро дар ойинномаву низомнома ё қонуну аҳзоб намебинанд. “Раҳбарият ва сокинони Кувайт ба фаъолияти аҳзоби хусусияти динӣ дошта назари нек надоранд, чун дар бисёр мавриди фаъолияти ин аҳзоб ба мушкилот оварда мерасонад. Миёни аҳзоби динӣ ҳамеша кашмакашу ихтилоф ҷой дорад. Агар дуруст назар кунем, Худованд Қуръонро барои бандагони худ, як қонуни асосӣ офаридааст ва мо бояд аз он истифода кунему ба қоидаву қонуни он гӯш диҳем, то зиндагии мо поку бенизоъ ва олоиш бошад. Мо бояд бо рафторҳои бади худ ба ислому қуръон доғи бад орем. Бо номи Ислом набояд ба ҳар кору амали ношоиста даст зад, ки ин амалҳо боиси паст шудани нуфузи ислом аст. Дини мубини Ислом, ин дини бузург ба ягон ҳизбу қонун, низомномаю ойиннома ва фатвоҳои беасоси шахсони алоҳида ниёз надорад. Боз такрор мекунам, ки ин дин бениёз аст, чун Худованд бениёз мебошад”,-таъкид дошт ал-Фаллоҳ.
Одил Абдуллоҳ ал-Фаллоҳ, ки ба як шеваи “даъват” дар ин барнома суҳбат мекард, илова дошт, дар кишвари ӯ бо вуҷуди мамнуъ будани фаъолияти ҳар гуна аҳзоби сиёсӣ демократия ва озодии баёну парлумон дар як сатҳи хеле хуб ҳукумфармост: “Бар асоси сарқонуни феълии Кувайт, ки солҳои 60-ум қабул гардидааст, фаъолияти ҳар гуна аҳзоби сиёсӣ манъ аст. Дар ҳоле, ки дар кишвари мо ягон ҳизб фаъолият надорад, демократия низ хеле хуб рушд кардааст. Вазъи озодии байёну инсон ва парлумон хеле дар сатҳи хуб мебошад.”
Дар идома муовини аввали вазири авқофи Кувайт ба масъалаи издивоҷ ва талоқ пардохта, барои сади роҳи афзоиши ин ҳолатҳо ва ҳалли мушкилоти оилавӣ пешниҳод намуд, аз таҷрибаи кишвараш истифода кунанд. Ӯ гуфт, “дар Кувайт талоқ дар маҳкамаҳо сурат мегирад, додгоҳ бошад то зану мард бо коршиносони ҷомеашиносу ходими дин сари мизи музокирот нанишинанд, ҳукме содир намекунад. Натиҷаи ин қонуни мо нишондод ки 60%-и оилаҳои сари мизи музокирот нишаста аз раъйи худ бар мегардад. Аз ин нишондод 90дарсадашон ба зиндагии осудаву осоиштаи худ идома медиҳанд. Албатта хуб мешуд, ки дар Тоҷикистон низ дастур ё қонуне бошда, то дар ин самт кор бурда шавад.”
Инчунин ӯ талоқ кардан тавассути телефон ё паёмро нораво хонда, таъкид кард, ин амал аз сӯи тамоми олимони ҷаҳони Ислом маҳкум мешавад. “Дар мавриди талоқ тавассути телефон ё смс бояд гуфт, ки иҷоза нест, мард аз масофаи дур истода бо ин василаҳо зани худро талоқ кунад. ман мутмаинам, ки олимони дин ин амалро маҳкум мекунанд. Чун дар ин ҳолатҳо бештар бо роҳи буҳтону туҳмат сурат мегиранд. Шояд дар ҳаққи зани он муҳоҷир туҳмати бад зада бошад. Пас мешавад аз як масофаи дур аз тариқи паём талоқ кард. Ҳар гиз не.”
Муовини аввали вазири авқофи Кувайт таъкид дошт, ки мард баъд аз талақои занаш ҳақ надорад, ӯро аз хона берун кунад ва дар як хона зистани онҳо шояд сабаби дубора ба омаданашон хоҳад буд: “Бояд фармудаҳои Қуръонро риоя карду мард баъд аз талоқ кардан, ҳақ надорад ҳамсарашпро аз дар берун кунад. Зеро бо мурури замон шояд онҳо дубора оштӣ кунанд. Яъне бо ин васила мушкил роҳҳали мусоламатомези худро пайдо мекунад.”
Гуфта мешавад, суханронии Ал-Фаллоҳ дар бораи инкори вуҷуди аҳзоби сиёсии характери динӣ дошта дар Ислом дар ҳоле тавассути шабакаҳои давлатии Тоҷикистон сурат мегирад, ки дар кишвар Ҳизби наҳзати исломӣ – ягона ҳизби сиёсии динӣ дар Осиёси Марказӣ дар асоси Сарқонун фаъолият дорад.