Боздошти шарики домоди президент дар Малта
Александр Народетский, раҳбари пешини шӯъбаи Радиои “Аврупои Озод” дар Киев, дар робита ба таҳқиқоти ҷиноятии баста шудани дороиҳои Роҳат Алиев, домоди собиқи президенти Қазоқистон -- Нурсултон Назарбоев дар Малта боздошт шудааст.
Бино ба иттилои Malta Today, Народетский, ки шаҳрвандии Амрикоро дорад ва 1 дар сади саҳмияҳои ширкати Bongu Media Malta ба ӯ мутаалиқ аст, аз сӯи пулиси Малта мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст. Ӯро бештар дар мавриди интиқоли 938 ҳазор евро ба ҳисоби бонкии Элнора Шоразова, ҳамсари Роҳат Алиев пурсуҷӯ кардаанд.
Додгоҳи ҷиноӣ амри баста шудани дороиҳои Алиев ва завҷаашро содир кардааст ва онҳо ва ширкатҳояшон ҳаққи интиқол ё фурӯши ҳеч гуна амволро надоранд.
Қаблан, расонаҳо навиштанд, ки худи Роҳат Алиев аз Малта ба Юнон рафта ва дар ҳоли таҳияи ҳуҷҷатҳо барои дарёфти шаҳрвандии Кипр аст. Роҳат Алиев, шавҳари собиқи Дарига Назарбоева, духтари калони президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва сафири собиқи Қазоқистон дар Австрия аз сӯи мақомоти Қазоқистон дар сарнагун кардани ҳокимият, созмон додани гуруҳи ҷиноӣ ва одамрабоӣ муттаҳам шуда, додгоҳ дар ғайбаш ӯро ба 40 соли маҳрумият аз озодӣ маҳрум кардааст.