Шоҳиндухт: “Теҳрон робитаашро бо Душанбе бояд густариш диҳад”
Шоҳиндухт Маловердӣ, ноиби Ҳасани Руҳонӣ -- раисиҷумҳури Эрон дар умури занон ва оила хостори ҳамкории бештар бо Тоҷикистон шудааст. Ба гузориши “Форс”, Маловердӣ дар доираи мулоқот бо занони соҳибкори Тоҷикистон, ки 10 май сурат гирифт, таъкид кардааст, имкониятҳои зиёди ҳамкорӣ миёни занони Тоҷикистону Эрон феълан истифода нашудаанд.
“Эрон бояд равобиташро бо Тоҷикистон густариш диҳад ва дар умури занону хонавода табодули таҷрибаро ба роҳ монад”,-афзудааст Шоҳиндухт. Ноиби раисиҷумҳури Эрон бо зикри дастовардҳои занони кишвараш, аз ҷумла давомнокии умр ва фарогирии васеяшон бо таҳсил илова кардааст, ҳанӯз ҳам мушкилоти зиёде барои занони эронӣ вуҷуд доранд, ки бояд тариқи ҳамкорӣ бо кишварҳои дигар, алалхусус Тоҷикистон аз байн бурда шаванд.
Дар ҳамин ҳол, ҳайати занони соҳибкори Тоҷикистон низ, ки феълан дар Эрон қарор доранд, ҳавасмандияшонро барои густариши равобит бо занони эронӣ баён доштаанд.