Нахустин пирӯзии “Далерон” ва аввалин шикасти “Энергетик” дар чемпионати Тоҷикистон
Тими “Хайр”-и Ваҳдат ба дарвозаи “Энергетик”-и Душанбе ду голи беҷавоб зад. Ин бозӣ дар чорчуби даври чоруми чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд. Голҳоро Баҳодур Шарипов (дақиқаи 6) ва Муҳсин Парпиев (51) ба ҳадаф расонданд.
Ин нахустин бохти “Энергетик” дар мавсими имсола мебошад.
Дар доираи даври чорум “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшан дар майдони худ бо ССКА “Помир” қувваозмоӣ кард ва бо ҳисоби 1:0 дастболо шуд. Дар дақиқаи 22-юм Аъзама Ҳусейнов ба дарвозаи меҳмонон як тӯб зад. Барои “Далерон-Уротеппа” ин нахустин пирӯзӣ дар чемпионати Тоҷикистон мебошад.
“Хайр” бо 7 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар ҷои чор ва “Далерон-Уротеппа” бо 5 хол дар ҷои шашум аст.