Боздошти боз як “Range-Rover”-и дуздӣ дар роҳ ба cӯи Тоҷикистон
Раёсати мубориза бо қочоқи мақомоти гумруки Қазоқистон бо пахши як иттилоия аз боздошти мошини “Range Rover”-и дуздӣ дар роҳ ба Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилоияи ин ниҳод мошини “Range Rover”-и истеҳсолаш соли 2013, ки таҳти идораи шаҳрванди 42-солаи Тоҷикистон қарор доштааст, дар гузаргоҳи гумрукии “Тожон” боздошт шудааст. Ба иттилои манбаъ зимни санҷиш муайян гардидааст, ки VIN-коди ин мошин тағйир дода шудааст ва он дар шаҳри Маскави Русия мавриди бозҷӯӣ қарор дорад.
Мақомоти гумруки Қазоқистон мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса, барои қочоқ дар қаламрави Иттиҳоди гумрукӣ дар ҳаҷми махсусан калон парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.