Бо гузашти даҳ рӯз Мадина Қосимоваро пайдо накардаанд
Наздикони Мадина Қосимова, сокини 24-солаи шаҳри Душанбе аз беному нишон гаштани пайванди худ хабар дода, мегӯянд, бо гузашти беш аз 10 рӯз ҳанӯз аз ӯ хабаре надоранд.
Қосимова истиқоматкунандаи маҳаллаи "Нагорний"-и пойтахт буда, аз рӯзи 30 апрел ба ин сӯ, беному нишон гаштааст. Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ оиладор ва соҳиби як фарзанд – духтарчаи яксола мебошад. “Дар ин бора ба милитсия муроҷиат кардаем, вале мутаассифона ҳанӯз аз ӯ дараке нест”,- гуфт яке аз наздикони ӯ дар суҳбат бо "Озодагон".
Ба қавли мусоҳиби мо, бори охир Мадинаро дар гардиши фурудгоҳ дидаанд, ки дар тан либоси хокистаранг ва руймоли сабз ба бар доштааст. Нафароне ки ӯро дар ҷое дидаанд ё маълумоте дар борааш медонанд, метавонанд, бо рақамҳои зерин 934236655 ва 935062424 занг зананд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки аз нопадид шудани Ақназаров Алишери 22-сола, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, курсанти соли якуми Академияи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, имрӯз, 10 май ду моҳ сипарӣ мешавад.
Расул Ақназаров, бародари Алишер, гуфта буд, бародараш рӯзи 11-уми март аз Академияи ВКД баромада бедарак шудааст: "Вақте мо чанд бор ба телефони ҳамроҳаш занг задем, хомуш буд. Дар Академия гуфтанд, ки ӯ баромадааст. Ба пулис ҳам муроҷиат кардем, аммо то ҳол натиҷае нест." Ба гуфтаи наздикон қади Алишер 180-182 сантиметр, муйаш сиёҳ ва дар рӯзе, ки бедарак шудааст, дар тан камзули кабуд, шими ҷинс ва пойафзоли сиёҳ доштааст.
Наздикони Алишер аз шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш доранд, ки дар сурат пайдо кардани иттилое дар бораи ҷойи будубоши ӯ бо рақамҳои 227 80 08, 221 24 87 ё 93 470 70 00 занг зананд.