Рӯзи 8 майи соли ҷорӣ дар шабакаи Ютуб навори видеоие роҳ ёфт, ки аз “облава” шудани як ҷавони тоҷик аз сӯи афроди либоси низомӣ дошта хабар медиҳад. Дар ин навор дида мешавад, чи тавр ин нафарон, ки ба эҳтимоли зиёд кормандони яке аз комисариатҳои ҳарбии кишваранд, сарбози ояндаи Қушунҳои мусаллаҳи кишвар ё худ ҳомиёни ватанро ба таври маҷбурӣ бо дашному ҳақоратҳои қабеҳ мисли ҷинояткор боздошт ва ба мошини “Старекс” савор мекунанд.
Аз сӯи дигар, саҳифаи бахши тоҷикии Радиои Озодӣ низ дар робита навори видеоии дигареро пахш кардааст. Ин навор, ки аз сӯи як хонанда бо номи Фарҳод фиристода шудааст, намоиш медиҳад, чи гуна кормандони комиссариати ҳарбӣ бо либоси мулкӣ вориди хонаи сокинон шуда, барои “базӯрӣ” бурдани фарзандони онҳо талош доранд. Барои бори нахуст нест, дар ҷараёни даъвати баҳории ҷавонони тоҷик ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҳолатҳои “облава” мушоҳида мешавад. Ҳарчанд Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ахиран батакрор барои аз байн бурдани "облава" таъкид карда, ҳатто дар робита ба манъи роҳҳои ғайриқонунии ҷалби ҷавонон ба сафи артиш дастур дода ва барои иҷрои ин дастури худ комиссияи даъват ҳам ташкил карда буд.
Аммо мушоҳида мешавад, ин дастури раисиҷумҳури кишвар аз сӯи масъулини комисариатҳои ҳарбӣ нодида гирифта мешавад. Ахиран расонаҳои хабарӣ низ аз маъюб шудани ҷавони тоҷик дар пайи облава дар шимоли кишвар хабар дода буданд. Ба иттилои манобеи хабарӣ, “ташхиси пизишкони беморхонаи вилоятӣ дар Хуҷанд рӯшан кардааст, ду устухони сутунмӯҳраи Хушнуд Исомиддинови 23-сола, ҳини фирор аз «облава» ва уфтодан аз ошёнаи чаҳорум, шикастааст.”
ТАВАҶҶУҲ! ДАР ИН ВИДЕО ЧАНД АЛФОЗИ ҚАБЕҲ ИСТИФОДА ШУДААСТ. МО ТАНҲО БА ХОТИРИ РӮШАН КАРДАНИ ВАЗЪ ОНРО НАШР КАРДЕМ
Дар ҳамин ҳол, Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷрои ҳудуди 80 дарсади нақшаи баҳории давъвати ҷавонон ба сафи артиши кишвар хабар медиҳад. Тавре масъулони ин иниҳод гуфтанд, дар давоми 25 рӯзи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар иҷрои нақшаи мазкур комиссариатҳои шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва Куҳистони Бадахшон фаъол мебошанд.
Ба иттилои манбаъ, “беш аз 10 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, 6 ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ду комиссариати ҳарбии ноҳияҳои тобеи марказ ба пуррагӣ аз иҷрои нақша баромаданд.” Масъулини Вазорати дифоъ иброз медоранд, ноҳияи Носири Хусрав ва Мурғоб аввалин шуда аз иҷрои нақша хабар дода дар вилояти Суғд 54%, дар комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои тобеи марказ 73% ва дар чаҳор навоҳии пойтахт беш аз 60 дарсад нақшаи баҳории даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон иҷро гардидааст.