Парвандаи ҷиноии задухӯрди қирғизҳову тоҷикон дар марз
Вазорати умури дохилии Қирғизистон мегӯяд, дар робита ба задухӯрди сокинони наздимарзии кишвараш бо Тоҷикистон, ки шаби 7 майи соли ҷорӣ иттифоқ уфтода буд, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Курсан Асанов, муовини вазири умури дохилии Қирғизистон дар суҳбат бо сокинони вилояти Бодканд, ҳаммарзи вилояти Суғд дар ин бора хабар додааст. Ӯ таъкид кардааст, дастандаркорон тибқи қонунгузории кишвараш хисороти овардаи худро ҷуброн хоҳанд кард.
Инчунин, дар ин мулоқоти мақомоти қирғиз бо сокинони Бодканд, Абдураҳмон Маматалиев, муовини сарвазири Қирғизистон оид ба умури амниятию сарҳадӣ ҳузур дошта, ба пурзӯр намудани тадобир алайҳи қочоқи коло ба Тоҷикистон ё баръакс таъкид кард. Маматалиев аз сокинони Бодканд хост, дар мавриди мушоҳида шудани ҳолатҳои қочоқи коло ба мақомоти қудратӣ хабар дода, дар робита ба ниҳодҳои зирабт кумак кунанд.
Ӯ гуфт, ҳарчанд барои мубориза алайҳи қочоқи коло тавассути марзи кишвараш ба Тоҷикистон ё баръакс мақомоти қудратии қирғиз супориши махсус гирифтаанд, вале мардум низ бояд дар ин бора бетараф набошад. Муовини сарвазири Қирғизистон ба мақомоти қудратии кишвараш дастур додааст, то бо ин сокинони назди марзӣ ҳамеша дар тамос бошанд.
Сокинони Бодканд низ дар навбати худ аз муовини сарвазири кишварашон таъмини заминаҳои зисти назди сарҳадиро талаб карда, гуфтаанд, дар наздиктарин фурсат барои кӯдакони онҳо боғча, мактаб ва бундгоҳҳои тиббӣ бунёд карда шавад.