Тақозои сафорати Тоҷикистон аз мақомоти Маскав дар пайи ҳамлаи хунин ба хонаи муҳоҷирон
Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, дар пайи ҳамлаи як гуруҳи мусаллаҳи номаълум ба макони зисти муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Маскав, як муҳоҷири тоҷик ба ҳалокат расида, ду тани дигар алъон дар беморхона бистариянд.
Дар изҳороти сафорат гуфта мешавад, ин ҳодиса шоми 7 май дар шаҳраки Ново-Николски ноҳияи Красногорск ба вуқуъ пайвастааст. “Шахсони номаълум ба ҳавлие ҳамла кардаанд, ки 8 муҳоҷири тоҷик ба сар мебурдаанд. Саттор Мақсудови 36-сола, сокини вилояти Хатлон дар пайи ин ҳамла ҷароҳат бардошта ва дар беморхона фавтидааст. Ду муҳоҷири дигари захмбардошта дар беморхонаи ноҳиявии Красногорск бистарӣ ҳастанд”,-омадааст дар баёнияи сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Гуфта мешавад, муҳоҷирони дигар замони ҳамла манзилро тарк намуда, осебе надидаанд. Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, бар асоси шаҳрвандони кишвар дар ин замина “кор бурда истодааст ва аз мақомоти Русия талаб дорад, ин шахсони номаълум, ки куштор ва хамларо нисбат ба муҳоҷирони кории мо раво дидаанд, дастгир ва дар назди қонун ба ҷавобгарӣ кашад”.