ВУХ мегӯяд, ҷонибдори аз роҳи ҳуқуқӣ ҳал кардани низоъ дар марз аст
Вазорати умури хориҷии кишвар мегӯяд, ҷонибдори аз роҳи ҳуқуқӣ ва якдигарфаҳмию анъанаҳои ҳамсоядорӣ ҳал кардани низоест, ки шаби 7 май миёни сокинони ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон ба вуқуъ пайваста, даҳҳо захмӣ боқӣ гузоштааст.
Масъулони ин ниҳод рӯзи 8 май бо пахши баёнияи кӯтоҳе гуфтаанд, дар ҳоли ҳозир роҳи ҳалли ин мушкили марзиро машварат доранд. “Барои муаяйн кардани сабабҳои муноқиша мақомоти марбутаи ҳарду ҷониб фаъолият доранд ва умедворем, ин масъала бо якдигарфаҳмӣ ҳал хоҳад шуд”,-омадааст дар номаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.