Даргузашти бародари 49-солаи Ҳамроҳхон Зарифӣ
Мардони Қурбон -- бародари Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири собиқи умури хориҷии Тоҷикистон, дар синни 49-солагӣ даргузаштааст. Дар ин бора аз Вазорати умури хориҷии кишвар ба “Озодагон” хабар дода, гуфтанд, оқои Мардон ба соҳибкорӣ машғул будааст.
Ҳамроҳхон Зарифӣ, ки соли 2006 дар курсии вазири умури хориҷии Тоҷикистон такя зада буд, рӯзи 29 ноябри соли 2013 аз мақомаш барканор ва Сироҷиддин Аслов ба ҷои ӯ таъин гардид. Оқои Зарифӣ то ҳоло мансабе надорад.