Картошкадард ва таҷлили иди “нони дуюм” дар зодрӯзи вазир
Абдулазизи ВОСЕЪ
Тоҷикистон кишвари хабарбор аст. Ман ба андешаи онҳое, ки мегӯянд ҷумҳурии мо хабарсоз нест, мувофиқ буда наметавонам. Дар мо ҳар чизе ҳам ба осонӣ метавонад хабарсоз бошад. Ҳатто картошка.
Ҳоло қариб ҳама ва дар ҳама ҷо аз картошка мегӯянд: мансабдор ҳам, деҳқони оддӣ ҳам, ронанда ҳам, мусофиронаш ҳам. Ҳатто Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ҳам натавонист аз картошка нагӯяд. Дар ҷаласаи ҳукумат, ки 23 апрел бо иштироки раҳбарони вазорату шаҳру навоҳӣ баргузор шуд, сарвари давлат аз мақомот хост, барои гирифтани ҳосили бештари ин маҳсулот кундӣ накунанд.
Далели ин картошкадард якбора аз бозорҳо ғайб задани ин маҳсулоти кишоварзӣ аст. “Нони дуюм”-и тоҷикон якбора тухми анқо шуд ва ҳамаро нигарон кард. Нархаш ҳам якбора ҷаҳид. Он қадар ҷаҳид, ки “кайк аз бадани мардум парид”. Чунин ҷаҳишҳо одатан дар арафаи идҳо, махсусан идҳои мусалмонӣ, ки шукри Худо 98 дарсади мардуми кишварамон пайрави онанд, мушоҳида мешуд. Аммо бояд иқрор кунем, ки ҳатто он вақтҳо низ нархи картошка ба ин ҳад боло намерафт. Бештар меваҷоту донагӣ гарон мешуданд.
Ҳоло ба картошкаи мо чӣ шуд?
Охир дар ҷаласаи васеи ҳукумат (чанд моҳаки пеш) аз истеҳсоли беш аз 1 миллион тонна картошка хабар дода буданд. Кишоварзи№1-и Тоҷикистон он вақт мужда дод, ки супориши президент барои расондани истеҳсоли солонаи картошка ба 1 миллион тонна бори аввал иҷро гардид. Ин ҳам дар ҳоле ки талаботи солонаи Тоҷикистон ба картошка камтар аз 800 ҳазор тонна будааст.
Бо ин вуҷуд, Қосими Роҳбар, вазири кишоварзии Тоҷикистон худро аз даст надода, иллати боло рафтани нарх ва кам шудани картошка дар бозорҳоро ба содироти он ба кишварҳои ҳамсоя вобаста донистааст. Кадомҳоянд кишварҳое, ки дилашон ба картошкаи Тоҷикистон гум мезанад ва ин картошка кай, бо чӣ ва чӣ гуна содирот шудааст? Саволест, ки ҷавоби онро танҳо вазири кишоварзӣ медонад, аммо ба гумон аст, назди мардум ҳисобот диҳад.
Агар картошка ҳам аз паи гӯшт “думро хода” кунад, чӣ мешавад? Картошкабирён (ба таъбири ҳозира фри) ва пюре акнун дар қатори ғизоҳои “шик” мақом мегиранд? Дарвоқеъ, як дӯстам бо шӯхӣ мегӯяд, агар пештарҳо дар ошхона “як табақча картошка дар болояш каме гӯшт” мефармуданд, акнун “як табақ гӯшт болояш каме картошка” фармоиш медиҳанд.
Вале Қосими Роҳбар, вазири кишоварзии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо “Авеста” итминон дода, ки базудӣ ҳосили нави картошка рӯёнда мешавад ва нархи он дар бозорҳо дубора поин хоҳад омад. Мақоли “бузак-бузак” ёдатон омад? Аммо ҳама медонанд, ки дар Тоҷикистон ҳар нарх, ки қимат шуд, поин намеояд ё агар омад, ҷои аввалашро намегирад.
Дар Тоҷикистон харбуза ид дорад. Асал ҳам (ҳарчанд бо сабаби гаронии нархаш танҳо худи асалпарварон онро мехӯранд). Ҳоло дигар картошка ҳам исбот кард, ки бояд иди хосе дошта бошад.
Пешниҳод доштам, Иди картошка ҳамасола дар рӯзи мавлуди вазири кишоварзӣ таҷлил шавад!